25 фарвардин- Рӯзи бузургдошти Аттор Нишопурӣ гироми бод
(last modified Thu, 14 Apr 2022 08:01:14 GMT )
Апрел 14, 2022 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сухани Аттор дар осораш сода ва гирост
    Сухани Аттор дар осораш сода ва гирост

25 фавардин рӯзи бузургдошти Шайх Аттор Нишопурӣ яке аз шоирон ва орифонӣ буландноми адабиёти форсӣ дар поёни садаи шашум ва оғози садаи ҳафтум аст.

Аттор Нишопурӣ дар соли 540 ҳиҷрии қамари дар Кадкаи Нишопур дида ба ҷаҳон гушуд.

 Вай яке аз пуркортарин шоирони эронӣ ба шумор меравад ва бино бар назари орифон дар замина ирфонӣ аз мартабаи болое бархурдор будааст.

  • Падари Аттор шуғли аттори ( дору фурӯши ) дошт ва Фаридуддуни ҳам пас аз марги падараш ба ҳамин шуғл машғул шуд, лекин дар авосити умри худ дучори таҳаввули рӯҳи шуд ва ба ирфон рӯй овард.

Аз ин шоир ва орифи номи беш аз 114 асар вуҷӯд дорад, ки муҳимтарини он Тазакур -ал -Авлиё, Мантиқ-ал-тайр, Иллоҳи нома,Мусибат нома, панд нома ва асрор нома аст.

Сухани Аттор дар осораш сода ва гирост, ӯ барои баёни мақосиди ирфонии худ, каломи сода ва холӣ аз ҳар гуна ороиш интихоб кардааст.

  • Ҳамчунин кумак гирифтани ӯ аз тамсилот ва баёни достонҳо ва ҳикоёт мухталифе яки дигар аз ҷозибаҳои осори ӯст, ки боис шуда сармашқи урафои номи баъд аз худ монанди  Мавлоно ва Ҷомӣ қарор гирад.

Аттор дар канори санойеъи Мавлоно аркони адбиёти форсиро ташкил медиҳад ва Мавлоно дар васфи Аттор мегӯяд:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Вай дар соли 618 ҳиҷрии қамари дар ҳамла ва тохту този муғулонон дар дарвозаи вурӯдии Шодёх кушта шуд ва мазораш воқеъ дар боғе дар шаҳри Нишопур, ҳар сола пазироӣ алоқамандон ба адаб ва фарҳанги эронӣ аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп