Апрел 15, 2022 16:10 Asia/Dushanbe
  • 6 устони Эрон мақсади тамошобинони Ҷоми Ҷаҳонии 2022

Мудири кулли дафтари тавсеаи гардишгарии хориҷии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон эълом кард, 6 устони Эрон мақсади тамошобинони Ҷоми Ҷаҳонии футбол - 2022 Қатар ҳастанд.

Лайло Аждарӣ дар бораи иқдомоти лозими Эрон барои баҳрабардорӣ аз фурсати Ҷоми Ҷаҳонии Қатар - 2022 гуфт: 6 устони Теҳрон, Исфаҳон, Язд, Кирмон, Форс ва Ҳурмузгон ва ҷазираҳои Кеш, Қишм ва БандарАббосро ба унвони мақсади сафари тамошобинони Ҷоми Ҷаҳонии Қатар пешбинӣ кардем.

Мудири кулли дафтари тавсеаи гардишгарии хориҷии Вазорати мероси фарҳангӣ афзуд: Раводиди сафар аз Қатар ба кулли сарзамини Эрон ройгон шудааст.

Аждарӣ ҳамчунин гуфт, тамошочиёни Ҷоми Ҷаҳонии Қатар, ки Эронро мешиносанд ва қасд доранд дар миёни бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ аз Қатар ба Эрон сафар кунанд, метавонанд бо сабти дархости худ дар сомонаи Вазорати хориҷаи Эрон, ба роҳатӣ барои як ё чанд бор ба Эрон сафар кунанд.

Ҷоми Ҷаҳонии Футбол қарор аст ноябр ва декабри соли 2022 мелодӣ дар Қатар ва барои нахустин бор дар минтақаи ҷануби Ғарби Осиё баргузор шавад.

 

Барчасп