Ироаи гузоришҳои ҳуқуқи башарӣ аз сӯи Амрико, иқдоме риёкорона ва инҳирофӣ аст
Дабири Ситоди ҳуқуқи башар ва муовини байналмилали қувваи қазоияи Эрон гуфт, ироаи гузоришҳои ҳуқуқи башарӣ аз сӯи Амрико, иқдоме риёкорона ва инҳирофӣ аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Ситоди ҳуқуқи башар, Козими Ғарибободӣ дар вокуниш ба интишори гузориши солонаи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон, дар соли 2021 аз сӯи Амрико афзуд, кишваре, ки бузургтарин ноқизи ҳуқуқи башари ҳам мардуми худ ва ҳам миллатҳои дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, салоҳияти изҳори назар дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар соири кишварҳоро надорад.
Ғарибободӣ бо риёкорона хондани ин иқдоми Амрико, ироаи гузоришоти солонаи ҳуқуқи башарӣ аз сӯи ин кишварро бо ҳадафи эҷоди инҳироф аз таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи башар аз сӯи Амрико ва ҳамчунин улгусозии дурӯғин аз худ дар ҳавзаи ҳуқуқи башар хонд.
Вай бо радди муҳтавои марбӯт ба Эрон дар гузориши солонаи ҳуқуқи башар, аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Амрико ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, дар соли 2021 ҷомеаи Амрико ҳамчунон аз табъизи нажодӣ ва бе адолатӣ ранҷ бурд; паноҳҷӯён ва муҳоҷирон дар маърази хушунат ва озорҳои густарда қарор доштанд, рафторҳои хушунатомези полис бо мардум идома дошт ва ҳатто густариш ёфт, ҳуқуқи зиндониён бештар аз қабл нақз гардиду теъдоди бехонумонҳо бештар шуд.
Ғарибободӣ тасреҳ кард, истифода аз зӯру таҳримҳои золимона ва ғайриинсонии якҷониба зидди бархе кишварҳо шохиси боризи сиёсати хориҷии Амрико аст.