Вусӯли талаби сармоягузори эронӣ аз ширкатҳои Тоҷикистон
(last modified Sat, 16 Apr 2022 07:43:37 GMT )
Апрел 16, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Вусӯли талаби сармоягузори эронӣ аз ширкатҳои Тоҷикистон

Бо пайгирии Додситонии кулли Эрон талаби як сармоягузори эронӣ аз 2 ширкати тоҷикӣ вусӯл шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дипломатияи қазоӣ зарфияти мағфулмондае аст, ки бо тавсеаи он пешбурди умури нозир бар сиёсати хориҷии кишвар тасҳил ва тасреъ мешавад ва тавсеаи иртиботот бо соири кишварҳо ва эҳёнан ҳалу фасли ихтилофоти фимобйн муяссартар мешавад; ҳамчунин бавоситаи ин амр аз бисёре аз ҳаҷмаҳои норавои ҳуқуқи башарӣ алайҳи Эрон дафъ мешавад ва боиси густаришу тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷазби сармоя аз кишварҳо дигар мешавад.

19 баҳмани соли гузашта Додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамроҳи ҳайате бо сафар ба Эрон бо ҳуҷҷатулислом валмуслимин Мунтазирӣ, Додситони кулли Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Яке аз масоиле, ки дар ин дидор матраҳ шуд, ҳимоят аз ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ буд.

Дар ин дидор мавзӯи талаби яке аз сармоягузорон эронӣ аз 2 ширкати тоҷикӣ аз сӯи мақомоти қазоии Эрон ба масъӯлони қазоии кишвари Тоҷикистон матраҳ шуд.

Баъд аз гузашти ҳудуди 2 моҳ, Додситони кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳуҷҷатулислом  валмуслимини Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон аз вусӯли талаби ин сармоягузори эронӣ хабар дод.

Дар номаи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки талаби сармоягузори эронӣ ба мизони 864150 доллар, ки бо сӯиистифода аз сӯи намояндагони ду ширкат тасарруф шуда буд, ба тавр комил пардохт шуд.