Апрел 18, 2022 11:24 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Эрон дар тавлиди афзуданиҳои пешрафтаи саноати полимерӣ ба ҳиммати донишбунёнҳо

Тавлидоти ширкати донишбунёни Фанноварони шимизаррини эрониён, ки қобили рақобат бо брендҳои муътабари аврупоист, Эронро аз воридоти ин маҳсул худкифо кард.

Ширкати донишбунёни Фанноварони шимизаррини эрониён муваффақ ба тавлиди маводи афзудании пешрафтаи стеарати калсий, руй ва магний қобили истифода дар саноати болодастӣ, аз ҷумла санъати петрошимӣ шуд.

Стеарати калсий (Calcium stearate), ки бо номи асиди актодконики калсий низ шинохта мешавад, ба шакли пудри сафедранг дар бозор мавҷуд аст.

Алии Нилӣ, мудири ширкати донишбунёни Фанноварони шимизаррини эрониён дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ин ширкат ба унвони аввалин ва танҳо ширкати мавриди таъйиди эронӣ барои таъмини маводи афзудании пешрафтаи стеарати калсий, руй ва магний дар феҳристи петрошимиҳои кишвар сабт ва баъд аз панҷ соли талош муваффақ ба ҷалби ризоияти петрошимиҳои бузурги кишвар дар мавриди кайфияту мутобиқат бо стандартҳои ҷаҳонӣ шуд.

Нилӣ афзуд, тавлидоти ин ширкат барои саноати болодастӣ (петрошимиҳои полимерӣ) ва дар бахши саноати такмилии полимеру пластика масраф мешавад.

Мудири ширкати донишбунёни Фанноварии шимизаррини эрониён ҳамчунин гуфт: Бо тавлидоти худ монеъ аз хуруҷи ҳудуди 25 миллиондолларии арз аз кишвар шудем.

Нилӣ хотирнишон кард, маҳсули ин ширкат бар асоси иттилоот ва анализҳои муқоисаӣ қобили рақобат бо брендҳои амрикоӣ ва аврупоӣ будаву кайфияти он болотар аз намунаҳои чинӣ, ҳиндӣ ва кишварҳои осиёӣ аст.

Мудири ширкати донишбунёни Фанноварони шимизаррини эрониён дар идома гуфт, соли 1400 содироти маҳсули худро ба кишварҳои Ироқу Туркманистон оғоз кардем.

Нилӣ чашмандози фаъолияти ин ширкати донишбунёнро дар ихтиёр гирифтани кулли бозори дохилӣ ва содироти маҳсул ба кишварҳои Русия, Туркманистон, Узбакистон ва бархе кишварҳои ҳамсоя унвон кард.

 

Барчасп