Заминларзаи чаҳорриштерӣ дар марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавии Эрон
Заминларзае ба бузургии чаҳор риштер дар миқёси амвоҷи дарунии замин “Риштер”, марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавиро ларзонд.
Шабакаҳои ларзанигории вобаста ба Маркази ларзанигории кишварии Муассисаи геофизикаи Донишгоҳи Теҳрон имрӯз (душанбе) вуқуи заминларзаро дар арзи шимолии 17/ 37 ва тӯли шарқии 21/ 60 ва дар умқи 12 километрии замин дар марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавии Эрон сабт кардаанд.
Исмоили Бойромнажод, раиси Маркази ларзанигории кишварӣ низ эълом кард, ин заминларза имрӯз дар фосилаи 44 километрии Калот ва 53 километрии ШаҳриЗуви устони Хуросони Разавии Эрон ва 35 километрии Теҷен (Tecen) Туркманистон рӯй дод.
Аз хисороти эҳтимолии ин заминларза ҳанӯз гузорише ироа нашудааст.