Заминларзаи чаҳорриштерӣ дар марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i84370-Заминларзаи_чаҳорриштерӣ_дар_марзи_Туркманистон_ва_устони_Хуросони_Разавии_Эрон
Заминларзае ба бузургии чаҳор риштер дар миқёси амвоҷи дарунии замин “Риштер”, марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавиро ларзонд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 18, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Заминларзаи чаҳорриштерӣ дар марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавии Эрон

Заминларзае ба бузургии чаҳор риштер дар миқёси амвоҷи дарунии замин “Риштер”, марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавиро ларзонд.

Шабакаҳои ларзанигории вобаста ба Маркази ларзанигории кишварии Муассисаи геофизикаи Донишгоҳи Теҳрон имрӯз (душанбе) вуқуи заминларзаро дар арзи шимолии 17/ 37 ва тӯли шарқии 21/ 60 ва дар умқи 12 километрии замин дар марзи Туркманистон ва устони Хуросони Разавии Эрон сабт кардаанд.

Исмоили Бойромнажод, раиси Маркази ларзанигории кишварӣ низ эълом кард, ин заминларза имрӯз дар фосилаи 44 километрии Калот ва 53 километрии ШаҳриЗуви устони Хуросони Разавии Эрон ва 35 километрии  Теҷен (Tecen) Туркманистон рӯй дод.

Аз хисороти эҳтимолии ин заминларза ҳанӯз гузорише ироа нашудааст.