Апрел 19, 2022 12:39 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии духтарони Эрон дар Ҷоми Корнакии Италия

Тими валиболи навҷавонони духтари Эрон дар нахустин таҷрибаи бурӯнмарзии худ, унвони ноибқаҳрамонии Ҷоми Корнакии Италияро ба даст овард.

Ҷоми Корнакии Италия бо собиқаи 40 сола дар баргузории мусобиқоти радаи синнии ҷаҳон, ҳар сола мизбони бозикунони зери 17 ва 19 соли волейболи дунё аст ва бисёре аз машҳуртарин бозикунони феълии ин риштаи варзишӣ, собиқаи ҳузур дар ин ҷомро доранд.

Тимҳои волейболи навҷавонон ва ҷавонони духтар ва навҷавонони писари Эрон, ки соли 2022 рақобатҳои қаҳрамонии Осиёро пеши рӯ доранд, бо ҳадафи урдӯи бурӯнмарзӣ ва баргузории дидорҳои тадорукотӣ дар рақобатҳои соли 2022 Ҷоми Корнакии Италия ширкат карданд.

Тими волейболи навҷавонони духтари Эрони пас аз панҷ бурди пайдар пай дар мароҳили муқаддамотӣ, як чаҳоруми ниҳоӣ ва ниманиҳоии Ҷоми Корнакии Италия, асри рӯзи душанбе дар дидори ниҳоии ин рақобатҳо ба масофи Вербанияи Италия рафт ва се бар як мағлӯби ин тим шуд.

Дар поёни ин рақобатҳо тими рӯёии духтарони зери 17 соли Ҷоми Корнакии Италия муаррифӣ шуданд, ки Дарсо Фалоҳ, унвони беҳтарини посур Саиднигор Ҳошимӣ, унвони беҳтарини либери ҷомро ба даст овараданд.