Омодагии Эрон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ бо Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 Apr 2022 12:53:47 GMT )
Апрел 19, 2022 17:53 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ бо Тоҷикистон
    Омодагии Эрон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ бо Тоҷикистон

Раиси донишгоҳи улумпизишкии шаҳид Биҳиштии Теҳрон аз омодагии ин донишгоҳ барои табодули устодҳо ва донишҷу, эҷоди давраҳои муштараки кутоҳмуддати тахассуси ба тариқи маҷозӣ ё ҳузури ва ҳамкори дар заминаи тиби сунати бо кишвари Тоҷикистон хабар дод.

Алиризо Золӣ дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо таъкид бар густариши ҳамкориҳо байни 2 кишвар дар заминаи таъомулоти илмӣ ҷойгоҳи байналмиллалӣ, милли ва дастовардҳои донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштиро муъаррифи ва табйин кард.

Золӣ бо ишора ба ҷойгоҳи мумтози донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон афзуд: Донишгоҳи улумпизишкии шаҳид Биҳиштӣ масъулияти ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ бо беш аз паҷн миллион нафар аз сокинони пойтахти Эронро бар уҳда дорад ва дар миёни 64 донишгоҳи улуми пизишкии кишвар дорои болотарин ҳаҷми тавлиди хадамоти беҳдошти ва дармонӣ аст.

Низомиддини Зоҳидӣ низ бо қадрдонӣ аз талошҳои раиси донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштии Теҳрон ба унвони фармондеҳи ситоди муқобила бо коронаи пойтахт, дастовардҳои донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ дар ҳавзаи пизишкӣ ва дармон ва беҳдоштро ифтихоромез хонд. Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии ду кишвар бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи омӯзишӣ ва дармонӣ ва пажуҳишӣ таъкид кард.