Апрел 21, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
  • Маросими шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон аз соати 22:30 дар ҳарами имоми роҳил оғоз шуд
    Маросими шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон аз соати 22:30 дар ҳарами имоми роҳил оғоз шуд

Мароси шаби Қадр дар Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, оини шаби Қадр аз соати 21 бо қироъати Қуръон, дуои Ҷушани Кабир ва суханронии Оятуллоҳ Саидаҳмади Аламалҳудо намояндаи валии фақеҳ дар Хуросони Разавӣ оғоз ва дар идомаи ин маросими бошукӯҳи мазҳабӣ, оини Қуъон ба сар гирифтан низ баргузор шуд.

  • Қироъати зиёрати Ошӯро, салавоти хоссаи Имом Ризо (а) ва марсия саройи зокирони аҳлубайти исмат ва таҳорат аз дигар барномаҳои маросими шаби Қадри 19 Рамазон дар ҳарами муттаҳари Разавӣ буд.

Оятуллоҳ Саидаҳмади Аламулҳудо дар ин маросим дар саҳни паёмбари акрам (с) бо таслият фарорасидани айёми шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) гуфт: Шаби қадри мо шабе аст, ки ғайр аз ибодат ва дуо, як ҳаблуллоҳи матин ҳам вуҷӯд дорад, ки моро ба Худо васл мекунад ва он Имом Алӣ (а) аст.

  • Вай бо байёни инки Алӣ (а) мазлумтарин мазлумони  ҷаҳон аст, афзуд: Имом (а) дар суханронии байъати мардум ба унвони ҳоким, барономаи худро эълом карданд аммо аносири муртаҷеъ ва зидди ҷараёни инқилобӣ амиралмуъминон (а) даст ба дасти ҳам доданд ва бо он ҳазрат ҷангиданд чун ҷойгоҳе дар ҳукумат барои худ намедиданд

Ҳамчунин шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон бо суханронии раиси ҷумҳур дар ҳарами муттаҳари Имом Хумайнӣ (р) баргузор шуд.

Маросими шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон аз соати 22:30 дар ҳарами имоми роҳил оғоз шуд ва Сайидалӣ Муҳаммадсодоти Разавӣ дар ин маросим ба мадҳ пардохт. Суханронии раиси ҷумҳур, қироъати дуои Ҷушани Кабир тавассути мадҳсароӣ аҳлубайт (а) Ҳоҷ Ҳамиди Рамазонпур ва маросими эҳё тавассути Саидиброҳими Ҳошимиён аз дигар барномаҳои ин маросим буд.

 

Бештар бихонед: 

 

  

Барчасп