Мардуми Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои муттақиён - ҳазрати Алӣ (а)
(last modified Fri, 22 Apr 2022 16:19:08 GMT )
Апрел 22, 2022 21:19 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои муттақиён - ҳазрати Алӣ (а)

Фардо 23 апрел, баробар бо 21 Рамазон ва 3 урдибиҳиштмоҳ солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) аст.  

Шаби бистуякуми моҳи Рамазон, ки гумон меравад аз шабҳои Қадр бошад, шаби шаҳодати амиралмуъминин - ҳазрати Алӣ (а) аст.

Дар шаби 21 Рамазон бар эҳё ва зинда нигаҳ доштани он барои тақарруб ба ҳазрати Ҳақ таъкид шудааст.

Ба ҳамин муносибат ойинҳои вижае дар саросари Эрон бо ҳузури мардум дар масоҷид ва маконҳои мазҳабӣ дар ҳоли баргузорӣ аст. 

Дар ин айём мардум дар масоҷид, ҳусайния‎ҳо ва дигар макон‎ҳои мазҳабӣ, бо гирдиҳам омадан ва қироати Қуръон то ҳангоми саҳар асмои аъзами Илоҳиро замзама мекунанд.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии қамарӣ, Ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Алӣ (а), пешвои мусалмонони ҷаҳон дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.

Ҳазрати имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Солрӯзи шаҳодати мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (а) таслият бод.