Раисӣ: Имрӯз сарнавиши Фаластин бо иродаи муҷоҳидин дар ҳоли рақамхурдан аст
(last modified Sat, 23 Apr 2022 11:03:09 GMT )
Апрел 23, 2022 16:03 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Имрӯз сарнавиши Фаластин бо иродаи муҷоҳидин дар ҳоли рақамхурдан аст
    Раисӣ: Имрӯз сарнавиши Фаластин бо иродаи муҷоҳидин дар ҳоли рақамхурдан аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Имрӯз сарнавишти Фаластин бо иродаи муҷоҳидин дар ҳоли рақамхурдан аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди шанбе дар ҷамъи шабзиндадорони дувумин шаби қадри моҳи мубораки Рамазон ва сувгворони шаҳодати ҳазрати Али(а) дар мусалоҳи ҳазрати имом Хумайнӣ(р) гуфт: Рузе тасавур мешуд сарнавишти миллати Фаластин гирди мизҳои музокира рақам хоҳад хурд, аммо имрӯз сарнавишти Фаластин ба даст ва иродаи муҷоҳидин аст.

Раиси Ҷумҳур афзуд: Имрӯз шоҳиди ҷинояти милси ДИИШ-иҳо ва режими саҳюнистӣ зидди мусалмонон ва намозгузорони мазлум дар Масҷид-ул-Ақсо ва масҷидҳои Афғонистон ҳастем.

Раисӣ ҳифозат аз ҷони ҳамаи мардуми Афғонистон аз ҷумла шиъаёни ин кишварро вазифаи ҳокимони феълии ин кишвар донист ва таъкид кард: Аз ҳокимони Афғонистон мехоҳем, ки ҷони мардуми ин кишвар, ки бо забони руза дар масҷидҳо ба шаҳодат мерасанд дифоъ кунанд.

Раиси Ҷумҳур дар идома бо ишора ба фаро расидани рӯзи Қудс афзуд: Пайвастагӣ ва ҳамбастагии уммати исломӣ, ки яке аз намодҳои он рӯзи Қудс аст ба эътибори ихлоси Имом Хумайнӣ(р) рӯз ба рӯз бештар мешавад ва умедворем, ин ҳамбастагӣ ба зуди поён ба озодии Қудси шариф ва расидани фаластиниён ба ҳаққи 70 солашон шавад.

Раисӣ ҳамчунин гуфт: Имрӯз императори хабари дар ихтиёри душман аст ва мукарар ҳақро ботил ва ботилро ҳақ ҷилва медиҳанд.

 

Бештар бихонед:

Баргузории ойини эҳёи дувумин шаб аз шабҳои пурфазилати Қадр дар Эрони исломӣ