Баргузории панҷумин даври музокироти Эрон ва Арабистон
-
Баргузории панҷумин даври музокироти Эрон ва Арабистон
Панҷумин даври гуфтугу миёни намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ дар Бағдод пойтахти Ироқ баргузор шуд.
Дар панҷумин даври гуфтугу миёни намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон Саъудӣ, ки дар Бағдод пойтахти Ироқ баргузор шуд чашмандози рушантар нисбат ба аз саргирии равобити миёни ду кишвар тарсим шуда аст.
Давлати Ироқ ва Уммон нақшаи муассир дар шаклгирии ҷаласоти муштараки миёни намояндагони Теҳрон ва Риёз доштанд.
Дар ҷараёни панҷ давр гуфтугуҳои сариҳи анҷомшуда дар мавриди чолишҳои асли дар масири аз саргирии равобити ду кишвар табодули назар шуда аст.
Мақомоти аршади дабирхонаи шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва раиси сервиси иттилоъотии Арабистон ба унвони намояндагони томулихтиёри ду кишвар дар ҷаласот ширкат карданд.
Фазои мусбати нишасти ахир умедвориҳо барои гом ниҳодани ду кишвар дар масири аз саргирии равобитро афзоиш дода аст.
Бо таваҷҷуҳ ба шаклгирии фазои муфоҳима ва гуфтугуҳои созанда миёни намояндагони ду кишвар пешбини мешавад дар ояндаи наздик заминаи баргузории ҷаласаи муштарак миёни вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ фароҳам шавад.