Иблоғи паёми ҳамдардии Раҳбари инқилоб бо хонаводаи шуҳадои террористии Афғонистон
-
Иблоғи паёми ҳамдардии Раҳбари инқилоб бо хонаводаи шуҳадои террористии Афғонистон
Паёми ҳамдардии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо хонаводаи шуҳадои террористии ахири Афғонистон иблоғ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муъовини сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва ҳайати ҳамроҳ зимни дидор бо хонаводаи шуҳадои ҳодисаҳои террористии ахири Афғонистон паёми таслият ва ибрози ҳамдардии Раҳбари инқилоб ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба онҳо иблоғ карданд. Маркази омӯзишии Мумтоз ва мактаби шаҳид Абдураҳмони шаҳри Кобул сешанбеи гузашта ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифтанд ва ҷамъе аз донишомӯзони афғонистонӣ дар ин ҳаводис ба шаҳодат расида ва маҷруҳ шуданд.
Пас аз ин ҳодисаи террористӣ сафорати Эрон дар Афғонистон омодагии худро барои кумак ба маҷруҳони ин ҳодиса ва интиқоли онҳо ба Эронро эълом карда буд.