Паёми раиси созмони Садо ва Симо ба муносибати рӯзи миллии радио
(last modified Sun, 24 Apr 2022 12:34:15 GMT )
Апрел 24, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Паёми раиси созмони Садо ва Симо ба муносибати рӯзи миллии радио
    Паёми раиси созмони Садо ва Симо ба муносибати рӯзи миллии радио

Раиси созмони Садо ва Симо дар паёми рӯзи миллии радиоро рӯзи таҳкими миёни аҳолии радио ва хонаводаи бузурги ин расона тавсиф кард.

Имрӯз дар Эрон солрузи ҳаштодуввумин соли таъсиси радио аст.

Ба гузориши равобит умумии расонаи миллӣ дар паёми Паймон Ҷибили, раиси расонаи миллӣ ба муносибати чоруми урдибиҳшт рӯзи миллии радио мехонем:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Рӯзи чоруми урдибиҳшт рӯзи радиоро гироми медорем рӯзе, ки радио дар Эрон шунида шуд ва акнун ҳаштоду ду сол аз он руйдоди бузург сипари мешавад.

Имрӯз дар Эрон радио расонаи фарогир ва муассир ба шумор меояд, ки талош дорад бо баҳрагири аз охирин фановариҳои бумишудаи иртиботӣ бо шабакаҳо ва каналҳои мутанавеъи тахассуси ва бо маъмуриятҳои мухталиф ба суръат ва ба дурусти посухгуи ниёзи шунавандагони худ бошад. Имрӯз мардум бо радио иртиботи наздик доранд ва эҳсоси самимият мекунанд, хостаҳо ва матолиби худро бо аҳолии "Садо" дар миён мегузоранд ва хотирот ва дилмашғулияшонро дар ҳамсадоӣ бо радио ҷустуҷу менамоянд.

Ёдамон намеравад радио дар тамоми фарозҳо ва фурудҳои таърихи сарзамини Эрон дар батни ҳодисаҳо ва буҳронҳо ҳамвора дар канори мардум ҳузур дошта аст. Дар тули ҳашт сол дифоъи муқаддас амвоҷи радио ҳомили хабари пирӯзиҳо ва рашодатҳои беҳтарин фарзандони ин сарзамини сарафроз буд ва ҳам инак ни з ба саҳми худ таърихи ифтихороти мардуми Эронро мурур мекунад ва ба сабт мерасонад, ифтихори бузург аст, ки ин расонаи гарм ва пуё бо вуҷуди таксири расонаҳо шаъну манзалати худро ҳифз карда аст ва ҳаргиз ба ҷозибаҳои сатҳи дучор нашуда ва барои мухотабони ҳамроҳаш мавриди вусуқ аст ва марҷаъият дорад. Қатъан ин дастоварди хатир ва ифтихори равшан марҳуни муҷоҳидати расонаи ҳамкорони беиддаъои мо дар муъовинати садо аст, ки шабона рӯз ва бевақфа дар сахтии муъзалот, чун ҳамагирии бемории корона мухлисона ва ҳунармандона бо тавлиди барномаҳои вазин хидматгузори арсаи хабар ва итилоърасони ва фарҳагиволо ва дурахшонии Эрон ҳастанд. Рӯзи радио дар воқеъ рӯзи қадрдонӣ аз заҳамоти аҳолии радио ва рӯзи баҳонаи таҳкими ҳамдили миёни аҳолии ин расона ва хонаводаи бузурги мухотабони он аст.

Ҷодорад ёди кунем аз шуҳадои радио, ки бо фадокори ва нисори хуни покашон дар ҷебҳаҳои ҳақ зидди ботил ва пас аз он дар роҳи анҷоми вазифа, ҳурмат ва эътибори гарон ба радио аъто карданд ва номашон инак ёдовари рисолати бузургу илоҳии расонаи мо тавсиф мешавад.

Имрӯз дар Эрон солрӯзи ҳаштоду дуввумин соли таъсиси радио аст, аввалин фиристандаи умумии радио дар Эрон ба соати нуздаҳ 4 урдибҳишти соли 1391 дар Теҳрон ба номи радиои Теҳрон гушойш ёфт аз фардои он рӯз барномаҳои одии радио оғозз шуд ва чун барномаҳо танҳо дар Теҳрон қобили дарёфт буд радиои Теҳрон номида мешавад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон низ ин рӯзро хидмати ҳамаи мухотабон ва шунавандагони азиз ва муҳтарами радио табрик арз мекунад.