Марзи Дуғорун бозгушоӣ шуд
Мудири кулли дафтари ҳамлу нақл ва транзитии Созмони роҳдории Эрон аз бозгушоӣ марзи Дуғорун хабар дод.
Манобеъи огоҳ аз вилояти Ҳирот аз вуқуъи як таниш дар марзи Исломқалъа миёни марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нерӯҳои Толибон хабар доданд.
Манобеъи огоҳ аз вилояти Ҳирот аз вуқуъи як таниш дар марзи Исломқалъа миёни марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нерӯҳои Толибон хабар доданд.
Як манбаъи огоҳ дар Ҳирот бо тайиди баста шудани марзи Исломқалъа аз вуқуъи таниш марзи миёни Эрон ва Афғонистон хабар дод ва таъкид кард, ки ҳеҷ даргири миёни марзбонони эронӣ ва неруҳои марзии Толибон сурат нагирифта аст.
Ба гуфтаи шоҳидон ин таниш пас аз он ошкор шуд, ки нерӯҳои марзии Толибон қасди сохти як ҷода дар минтақаи марзии ду кишварро доштанд, ки бо мухолифати нерӯҳои марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ру ба ру шуданд.
Ин иқдоми Эрон бо муқовимати нерӯҳои Толибон муваҷаҳ шуд ва пас аз баҳсу мушоҷираи ду тараф ба ҳолати омода бош дароманд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҷаводи Ҳидоятӣ, мудири дафтари ҳамлу нақл ва транзити Созмони роҳдорӣ гуфт: Марзи Дуғорун, ки ба далели шароит ва таҳарукоте, ки кишвари Афғонистон дар хати марзӣ эҷод карда буд баста шуда буд, имрӯз бозгушоӣ шуд.
Мудири кулли дафтари транзити Созмони роҳдори ва ҳамлу нақли ҷодаи афзуд: Бо аваҷҷуҳ ба музокироте, ки байни ду кишвар сурат гирифт Эрон дар марҳали аввал тасмим гирифт марзи Дуғорунро бибандад ва дирӯз шанбе ҳам иқдом ба гузари мошинҳои борбари аз марз кард.