Омодагии Эрон барои кумак ба барқарории амнияти мардуми Афғонистон
(last modified Sun, 24 Apr 2022 16:02:12 GMT )
Апрел 24, 2022 21:02 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои кумак ба барқарории амнияти мардуми Афғонистон
    Омодагии Эрон барои кумак ба барқарории амнияти мардуми Афғонистон

Муъовини сафири Эрон дар Афғонистон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад барои барқарории амнияти мардуми Афғонистон ба давлати мувақати Толибон дар ин кишвар кумак кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сади Хуросон, Сайид Ҳасани Мутазавӣ бо баёни ин ки барқарории амнияти мардуми Афғонистон ҳаққи мардуми ин кишвар аст таъкид кард, Эрон дар канори мардуми Афғонисон аст ва аз ҳеҷ кумаки ба онҳо дареғ намекунад.

Муъовини сфаири Эрон дар Кобул афзуд Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад захмиҳои инфиҷори ахир дар Афғонистонро барои мудаво ва дармон ба Эрон мунтақил кунад.

Афғонистон дар рӯзҳои гузашта шоҳиди инфиҷорҳои террористӣ буда аст. 

Инфиҷори мактаб дар Кобул пойтахти Афғонистон боиси шаҳодати 26 донишомӯз шуд ва дар инфиҷори масҷид дар Мазори Шариф низ даҳо намозгузор дар моҳи мубораки Рамазон ба шаҳодат расиданд, ҳамчунин инфиҷор дар масҷиди имом соҳиби вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистотн мунфаҷир шуд, ки ҳудуди 80 нафар шаҳид ва захми шуданд.