Таҳлил: Бим ва умедҳо дар музокироти Эрон ва Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i84708-Таҳлил_Бим_ва_умедҳо_дар_музокироти_Эрон_ва_Арабистон
Бо баргузории давраи панҷуми музокирот миёни Эрон ва Арабистон дар Бағдод заминае барои даври шашуми музокирот бо миёнҷигарии Ироқ оғоз шудааст, аммо дар даври панҷуми музокирот, Уммон низ нақши мусбате ифо кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 25, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Эрон борҳо омодагии худро барои тадовуми гуфтугӯҳо бо Арабистон эълом ва идомаи онро бастагӣ ба иродаи тарафи муқобил унвон кардааст
    Эрон борҳо омодагии худро барои тадовуми гуфтугӯҳо бо Арабистон эълом ва идомаи онро бастагӣ ба иродаи тарафи муқобил унвон кардааст

Бо баргузории давраи панҷуми музокирот миёни Эрон ва Арабистон дар Бағдод заминае барои даври шашуми музокирот бо миёнҷигарии Ироқ оғоз шудааст, аммо дар даври панҷуми музокирот, Уммон низ нақши мусбате ифо кардааст.

Уммон пеш аз ин дар музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва Амрико ва ҳачунин дар музокироти миёни Яман ва Арабистон ифои нақш карда буд ва лизо нақшофаринии Уммон дар даври панҷуми музокирот метавонад нишонае аз васеътар шудани доманаи музокирот ва густариши ин аз абъоди дуҷониба ба абъоди минтақаӣ бошад.

Даври панҷуми музокироти Теҳрон- Риёз ба лиҳози афзоиши сатҳии камӣ ва кайфӣ ҳайатҳои музокира кунанда ва низ ҳузури Мустафо Ал-Козимӣ нахуствазири Ироқ қобили таваҷҷӯҳ будааст.

Гузашта аз инҳо даври панҷуми музокироти Эрон ва Арабистон нуқтаи поёнии музокироти амниятӣ ва вурӯд ба музокироти сиёсӣ аст ва барҳамин асос гуфта мешавад даври шаҳуми музокирот дар сатҳи сиёсӣ ва дар миёни вузарои умури хориҷаи дукишвар хоҳад буд.

Навъи бархурдҳо ва вокунишҳо ба даври панҷуми музокирот низ иттилооти муфидро дар ин бора мунъакис мекунад. Эрон борҳо омодагии худро барои тадовуми гуфтугӯҳо бо Арабистон эълом ва идомаи онро бастагӣ ба иродаи тарафи муқобил унвон карда ва бо таваҷҷӯҳ ба истиқлоли амали, ки дар ҳавзаи сиёсати хориҷи аз он бархурдор аст, хабари даври панҷуми музокирот ва самарабахш будани онро мунташир кард. Аммо тарафи Саъудӣ бо муҳофиза корӣ ва эҳтиёт амал карда ва ба назар мерасад ё ҳамчунон дучори ғурури козиб аст ва намехоҳад ниёзаш ба музокирот ошкор шавад то ба гумони худ битавонад аз қудрати чоназании болое дар даври баъдии музокирот бархурдор шавад ва ё инки аз ин метарсад, ки боиси нохурсандӣ ва ҳатто хашми режими саҳюнистӣ шавад. Ин режим боби ошти бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форсро бо ин ҳадаф боз карда, ки дар равобиди дустонаи таърихӣ ва решадори ин кишварҳо бо Эрон осеб бизанад ва бо тавассул ба пружаи эронҳаросӣ онҳоро ба самти худ бикашад.

Ин режим бархе аз кишварҳои кучики арабиро, ки иттифоқан аз дустон ва наздикои Арабистон буда ба самти худ кашида ва умед доштааст дар оянда Арабистонро низ ба ин даста ворид кунад. Аз инрӯ ин режим ба ҳаргӯна ошти ва коҳиши таниш дар равобити Эрон ва Арабистон ба диди таҳдид нигоҳ мекунад ва ҳамин амр метавонад яке аз далоили Арабистон барои пинҳон нигаҳ доштани даври панҷуми музокирот бо Эрон бошад. Албатта Исроил дар бемайли дар танишзудоӣ аз равобити Эрон ва Арабистон танҳо нест ва кишварҳои ғарбӣ ба хусӯс онҳоеро, ки аз фурӯшандагони бузурги силлоҳ ба Арабистон ҳастанд, дар канори худ дорад. Ин кишварҳо бо пеш гирифтани ин сиёсати ноҷавонмардона ва зидди инсонӣ садҳо миллиард доллар аз сармояҳо ва даромадҳои нафтии Арабистонро, ки метавонист сарфи тавсиаи дохилӣ ва минтақаӣ шавад тазриқи корхонаҷоти силлоҳсозии худ кардаанд ва ҳазорон нафарро низ ҳамчунон, ки дар Яман мушоҳида мешавад ба куштан додаанд.

  • То кунӯн ҳеҷ як кишварҳои ғарбӣ аз эломи муваффақиятомез будани даври панҷуми музокироти Эрон ва Арабистон истиқбол накардаанд ва баррасии рӯйкарди расонаҳо ва хабаргузориҳои ғарбӣ низ нишон медиҳад, ки ё ин хабарро таҳрим кардаанд ва ё инки билофосила баъд аз ишора ба хабари даври панҷуми музокироти Эрон ва Арабистон ба набши қабри равобити Эрон ва Арабистон пардохта ва бо тавассул ба гузораҳои таърихи ва ё шикофаҳои қавмӣ ва мазҳабӣ сайъ кардаанд ин шикофаҳоро ҳаддиақал дар сатҳи ахбори  зинда нигаҳ доранд.

Ин бархурдҳо нишон медиҳад, ки эҷоди фосила ва душмани байни Эрон ва Арабистон ва ё ҳар кишвари исломӣ ва арабии дигар ба ҳамон андозе, ки барои ин кишварҳо офатзо ва мусибатзо будаас дуруст баракс барои режими саҳюнистӣ ва дигар фурӯшандагони силлоҳ дар Ғарб фурсат буда ва ба ҳамин далел ин маҳофил ба ҳаргуна гушоиш дар равобити Эрон ва Арабистон ба диди таҳдид нигоҳ мекунанд ва бетардид тамоми талоши худро барои муқобила бо ин бакор мегиранд ва ба ҳимин далел гушоишҳои ахир дар равобити Теҳрон- Риёз замоне ба бор менишинад, ки бо ҳушёрии тарафи Саъудӣ дар баробари ин коршиканиҳо ҳамроҳ бошад.

 

Бештар бихонед: