Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Танафуси тулонӣ ба нафъи музокироти Вена нест
(last modified Mon, 25 Apr 2022 11:57:14 GMT )
Апрел 25, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Танафуси тулонӣ ба нафъи музокироти Вена нест
    Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Танафуси тулонӣ ба нафъи музокироти Вена нест

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин амр муштарак буданд, ки тулонишудани танафус ба нафъи гуфтугуҳо дар Вена нест.

Ба гузориши ИРНА Саиди Хатибзода имрӯз душанбе дар нишасти матбуъотии ҳафтагӣ гуфт: Тулонишдани танафус ба нафъи гуфтугуҳо дар Вена нест ва муносиб аст, ки ҳарчи зудтар ин танафус бо як дидори ҳузури тоза шавад ва ин мавзуъ дар дастури кор аст.

Хатибзода дар хусуси интиқоли сонтифиюжҳо низ гуфт: Эрон узви Эн Пи Ти аст ва муъоҳидаи адами ишоъаро пазируфт ва интиқоли сонтифиюжҳо баъд аз харобкориҳо бо эълом ва иттилоърасонии Ожонс ба маҳали амн сурат гирифта аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа Эрон таъкид кард: Дар чорчуби муъоҳидаи адами ишоъа ин иҷозаро дорем, ки дар чорчуби ниёзҳои дохилӣ ҳар иқдомеро зери назари Ожонс анҷом бидиҳем.

Хатибзода дар мавриди дидори Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико ва Нефтоли Бент, нахуствазири режими саҳюнистӣ низ гуфт: Давлати Бойден аз рӯзи аввал тамоми талоши худро карда аст, ки тамоми фурсатҳои депломосиро аз байн бибарад ин амр нишон медиҳад, ки то чи ҳад Кохи Сафед нисбат ба барномаҳое, ки дар Вена иддао кард, ки дар ҳоли пайгири аст, сардаргуми дорад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа афзуд: Ончи байни Эрон ва Амрико дар ҳоли анҷом аст руёруӣ ду дидгоҳ аст, як дидгоҳ ҳуқуқи байналмиллалиро нодида мегирад ва талош мекунад сиёсати худро бар ҳамаи мавзуъоти байналмиллалӣ ҳоким кунад ва руйкарди Эрон, ки муътақид аст музокироте, ки анҷом шуд, имзо шуд муҳру мум шуд ва бояд муҳтарам шуморда шавад.

Хатибзода таъкид кард: Интихобот ва сиёсати дохили Амрико наметавонад таъинкунандаи натиҷаи музокироти Вена бошад ва бояд таҳримҳое, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико поягузори кард аз байн биравад ва интифоъи иқтидоии Эрон ба таври комил лиҳоз шавад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа бо баёни ин ки мавзуъи Эрон дар хусуси ҷанги Украина равшан аст ва мухолифи ҷанг ҳастем гуфт: Ҷангро роҳи ҳал намедонем ва аз тариқи гуфтугу ва масирҳои дипломати ин ҷанг бояд ба поён бирасад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷа бо ишора ба иқдомоти НАТО дар ҷаҳон низ гуфт: НАТО даҳо ҳазор афғонӣ, мардуми бегуноҳ ва кудакони ироқиро қурбони кард вазири ҷанги Амрико дуруӯи мабнои барои ҳамала ба Ироқ дуруст кард, аммо ҳеҷ касе дар дунё ин кишварро таҳрим накард.

Хатибзода бо баёни ин ки Амрико натанҳо аз гузаштаи худаш дарс нагирифт балки таъарузҳои худро ба кишварҳо афзоиш дода аст, афзуд: Амрико наметавонад полис, қозӣ, ҳайати жури ва ҳамаи чиз дар дунё бошад ва давлати Амрико худ дар дунё мутаҳам аст ва наметавонад мабнои санҷиши таҳавулоти байналмиллалӣ бошад.

Суханги Вазорати умури хориҷа бо ишора ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Маҷид-ул-Ақсо дар рӯзҳои ахир, гуфт: Мавзуъи аввали ҷаҳони Ислом яъне Фаластин дар маҳоқ қарор гирифта аст ва режими саҳюнистӣ бо дасиса ва найранг талош мекунад ин мавзуъи аввалро ба мавзуъи дувум табдил кунад.

Хатибзода афзуд: барқарории равобит бо бархе аз сарони кишварҳое, ки иштибоҳ муҳосибот доранд ин режимро ба ҷуръатар мекунад.

Сухангуи Вазорати хориҷа дар бораи беҳурмати нисбат ба Қуръони Карим дар Шветсария низ гуфт: Иқдомоте, ки дар бархе кишварҳои искондинавия мушоҳидҳа шуд заҷрдиҳанда аст.