Апрел 26, 2022 09:28 Asia/Dushanbe
  • Эътирози марзбонии Эрон ба рафтори нодурусти марзии Толибон дар Дуғорун

Раиси идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавии Эрон эълом кард, марзбонии Эрон нисбат ба рафтори нодурусти марзии Толибон дар Дуғорун эътироз кард.

Муртазо Муҷаррадӣ, раиси идораи транзитии роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони Разавӣ, дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, дар пайи вуруди мошинолоти роҳсозӣ аз сӯи Толибон ба маҳдӯдаи марзии Дуғорун - Исломқалъа дар Тоибод, марзбонии Эрон нисбат ба ин рафтори нодурсти марзбонӣ эътироз кард.

Муҷаррадӣ афзуд, вазъияти фаъолият ва боз будани марзи Дуғорон сооти оянда ва сешанбе аз сӯи марзбонии Эрон мушаххас мешавад ва эълом хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, бар асоси эъломи марзбонии Эрон феълан ҳеҷ новгони борӣ ба самти марзи Эрон раҳсипор нашавад.

Марзи Дуғоруни Тоибод дар Хуросони Разавӣ, рӯзи шанбе ба далели бархе рафторҳои муғойири усӯли марзбонӣ баста шуд, ки пас аз музокироти анҷом шуда, ин марз бозгушоӣ шуд.

Маркази шаҳристони 120 ҳазор нафарии Тоибод дар 228 километрии ҷануби шарқи Машҳад воқеъ аст.

 

Барчасп