Равобити Теҳрону Ереван ҳамвора дӯстона ва бар пояи сиёсати ҳамсоягӣ будааст
(last modified Tue, 26 Apr 2022 07:25:31 GMT )
Апрел 26, 2022 12:25 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, зарфиятҳои фаровоне барои иртиқои сатҳи равобити дӯстона ва деринаи Теҳрону Ереван вуҷӯд дорад.

Саидиброҳими Раисӣ дар маросими дарёфти Устуворномаи Арсен Авакян, сафири ҷадиди Арманистон дар Эрон бо ишора ба сиёсати собити Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мухолифат бо ҳар гуна таҷовузгарӣ афзуд, ончӣ имрӯз Эронро дар миёни кишварҳои дигари дунё шохис карда, мавзеи усӯлии мо дар баробари таҷовузгариҳои Амрико ва кишварҳои султаталаб будааст.

Раисӣ таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҳомии ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва эҳтиром ба тамомияти арзии кишварҳо буда ва ҳаст.

Сафири ҷадиди ҷумҳурии Арманистон низ дар ин маросим бо баёни инки мақомоти кишвараш барои густариши ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон азми росих доранд, гуфт, Арманистон омодааст то сатҳи равобити ду кишварро иртиқо диҳад.