Апрел 26, 2022 13:28 Asia/Dushanbe
  • Такфир, абзори душман барои эҷоди ҷанг дар миёни уммати исломӣ

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ гуфт, душман барои эҷоди тафриқа ва ҷангу хунрезӣ дар миёни уммати исломӣ аз такфир истифода мекунад.

Ҳуҷҷатулислом Ҳамиди Шаҳриёрӣ дар нишасти тахассусии" тамассук ба Қуръон, рамзи ваҳдату иззат" дар Теҳрон бо ҳушдор дар бораи талоши душманон барои эҷоди тафриқа миёни мазоҳиби исломӣ афзуд, имрӯз иддае ба ваҳдати ислом зарба мезананд ва бархе аз мазоҳиби исломиро такфир мекунанд, ки ин абзори душман барои эҷоди ҷангу хунрезӣ дар миёни уммати исломӣ аст.

Момусто Шайх Азизи Бобоӣ, имоми ҷумъаи аҳли суннати Содиқияи Теҳрон низ бо таъкид бар нақши Қуръон дар ваҳдат миёни мусулмонону мазоҳиби исломӣ, гуфт, душманони Ислом мехоҳанд Қуръонро аз зиндагии мардум ҳазф кунанд ва бояд ҷилави ин тавтеа истод.

Шайх Моҳир Ҳамуд, раёсати Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовимат ҳам бо ишора ба зулме, ки ба мардуми Фаластин мешавад, гуфт, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти мардуми Фаластин бо ҳузурашон дар Масҷидулақсо ва ба ҷо овардани намоз дар ин масҷид ба тавсияҳои Қуръон амал мекунанду мусулмонони дигар кишварҳо ҳам бояд аз ин рафтори мардуми мазлӯми Фаластин улгӯ бигиранд.