Паёми табрикии султони Уммон ва амири Қатар ба Раисӣ
(last modified Mon, 02 May 2022 04:17:51 GMT )
Май 02, 2022 09:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии султони Уммон ва амири Қатар ба Раисӣ

Султони Уммон ва амири Қатар дар гуфтугӯи телефонии ҷудогона бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, фаро расидани иди саиди Фитрро ба давлату миллати Эрон табрик гуфтанд.

Фардо (сешанбе) дар Эрон иди саид Фитр аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонии Ҳайсам бин Ториқ оли Саид, султони Уммон, зимни орзӯи сиҳҳату саломатӣ барои миллат ва подшоҳи Уммон, мутақобилан фаро расидани иди саиди Фитрро ба ӯ ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Ҳайсам бин Ториқ оли Саид, султони Уммон низ дар ин гуфтугӯ аз Раисӣ барои сафар ба Уммон даъват кард.

Шайх Тамим бин Ҳамд бин Халифа оли Сонӣ, амири Қатар низ дар тамоси телефонӣ бо Раисӣ, фаро расидани иди саиди Фитрро ба раиси ҷумҳурӣ ва мардуми Эрон табрик гуфт.

Амири Қатар барои миллати Эрон ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон орзӯи хайру баракат кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни орзӯи қабулии тооти ҳамаи мусулмонон дар моҳи мубораки Рамазон, мутақобилан иди саиди Фитрро ба амири Қатар ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, ки сулҳу амният дар сар то сари ҷаҳони Ислом ҳоким шавад.