Май 03, 2022 17:56 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ иди Фиртрро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт
    Раисӣ иди Фиртрро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт

Раиси ҷумҳур дар паёми фаро расидани иди саиди Фитр, иди таҷали имон ва маърифат ва шукуфоӣ фитарати Илоҳи ва таъолии инсониро ба сарон ва мардуми кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳур дар паёми табрики худ ба сарон ва мардуми кишварҳои исломӣ иди Фитрро иди бозгашт ба хештан, шукуфо шудани фитари одамӣ ва мавъуди подоши некукорон донист ва изҳори умедвори кард бо поёни моҳи зиёфатуллоҳ мусалмонон ба воситаи ибодатҳо ва тазкияи нафс дар ин моҳи муборак дар зумраи саъодатмандон ва баҳрамандони аз ин моҳи пурфайз ва баракат қарор гирифта ва аҷру подоши Илоҳи насиби ишон шавад.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин изҳори умедвори кард ба майманати ин иди фархунда, пайвандҳои ваҳдат ва бародари дар ҷомеъаи исломӣ дар ҷиҳати таҳаққуқи ормонҳои Мутаъоли дини мубини Ислом таҳким ёфта ва шоҳиди поёни мунозиъот ва даргириҳо ва барақарории сулҳу амният ва кутоҳ шудани дасти истикборон дар саросари кураи хоки бошем.

 

Барчасп