Май 03, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури беш аз 170 ношири хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон
    Ҳузури беш аз 170 ношири хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон

Сивусеввумин намойшгоҳи китоби Теҳрон аз ҳузури беш аз 170 ношири хориҷӣ дар ин намоишгоҳ хабар дод.

Сивусеввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон аз 11 то 21 май соли 2022 дар ду бахши ҳузури дар мусалоҳи Имом Хумайнӣ(р) ва маҷозӣ дар сомонаи "ketab.ir" баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоил Ҷоналипур, мудири кумитаи ноширони хориҷии намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон гуфт: Иттилоъоти 187 ношир барои ҳузур дар бахши ноширони хориҷӣ то имрӯз сешанбе пурра тайид шуда аст ва 14 ношир ҳануз иттилоъоти худро боргузори накарданд.

Ҷоналипур афзуд: Маҳмулаи китоби кишварҳои Уммон, Русия, Қатар ба гумрук расида аст ва то имрӯз тархис ва ба намойшгоҳ мунтақил мешавад.

Мудири кумитаи ноширони хориҷии намойшгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон ҳамчунин гуфт: Бо кумаки кумитаи пуштибонӣ танзими комили ғурфаҳои арабӣ ва лотин тамом шуда аст ва фазои марбут ба кумитаи ноширони хориҷӣ ҳам омодаи истиқрор аст.

 

Барчасп