Май 03, 2022 21:25 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Иттиҳодияи иқдисодии Авруросиё бо ҳузури бахши хусусии Эрон
    Баргузории Иттиҳодияи иқдисодии Авруросиё бо ҳузури бахши хусусии Эрон

Утоқи Эрон аз баргузории Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бо ҳузури бахши хусусии Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Иттиҳодияи шӯрои олии иқтисоди Авруосиё бо ҳузури бахши хусусии Эрон барои нахустин бор бо ҳузури бахши хусусии дигар кишварҳои узв 26 ва 27 май соли 2022 дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.

Бар асоси эъломи муъовинати утоқи Эрон нишасти шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳодияи иқтисодии кишварҳои узви ин Иттиҳодия ба сурати ҳамзамон дар Қирғизистон баргузор мешавад, ки сиёсатгузори ва тасмимгири дар бораи ҳузур ва мушорикати ташакулҳои бахши хусусии кишвар дар ин нишаст ба утоқи Эрон супорида шуда аст.

Бар асоси ин гузориш шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ҷанбаи машварати дорад ва тасмимоти он дар ҳавзаи иқтисоди ва ҳамлу нақли минтақа бисёр асаргузор аст ва бо барномарези сурат гирифа муқарар шуд дар ин нишаст барои баргузории намойшгоҳи муштарак дар минтақа ва ба вижа Эрон Иттиҳодияи сандуқи якпорчасозии Авруосиё ва созукори молии он роҳандозии сохтори эелектроникии муштарак ва эҷоди ширкатҳои муштараки таъовин, тасмимгири шавад.

Ҳамчунин бо таваҷуҳ ба имкони ҳузури ташакулҳои бахши хусусӣ дар ин нишаст метавон аз ин фурсат барои шабакасозӣ ташакулӣ, зарфиятсозӣ ва касби иттилоъот аз бозорҳо истифода кард.

Шӯрои олии иқтисоди Авруосиё бо ҳузури мақомоти давлатии кишварҳои узв ҳар 6 моҳ баргузор мешавад ва барои нахустин бор қарор аст Иттиҳодияи иқтисодӣ бо ҳузури бахши хусусии кишварҳои узб ба сурати ҳамзамон баргузор шавад.

 

Барчасп