Ваҳдат дар Ироқ ҳамвора мавриди таъкиди Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва ҳаст
(last modified Thu, 05 May 2022 05:21:51 GMT )
Май 05, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ гуфт: Инсиҷом вааҳдат дар Ироқ ҳамвора мавриди таъкиди Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва ҳаст
    Раисӣ гуфт: Инсиҷом вааҳдат дар Ироқ ҳамвора мавриди таъкиди Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва ҳаст

Раиси Ҷумҳурии Эрон изҳори умедворӣ кард, раванди сиёсии интихоботи парлумонии ахири дар Ироқ ҳар чӣ сариътар бо ташкили давлати муқтадир ва қавӣ ба саранҷом расад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар посӯх ба тамоси телефонии Мустафо Алкозимӣ нахуствазири Ироқ бо табрики Иди саиди Фитр ба давлат ва миллати Ироқ барои мардуми ин икишвар орзуи саломати ва камният кард.

  • Раисӣ гуфт: Инсиҷом вааҳдат дар Ироқ ҳамвора мавриди таъкиди Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва ҳаст ва умедворам раванд сиёсии интихоботи парлумонии ахир дар Ироқ ҳар чӣ сариътар бо ташкили давлати муқтадир ва қавӣ ба саранҷом бирасад.

Мустафо Алкозимӣ нахуствазири Ироқ низ мутақобилан бо табрики Иди саиди Фитр ба раиси Ҷумҳур ва мардуми Эрон аз ҳимоятҳои Эрон аз Ироқ ташакур кард.

 

Бештар бихонед: