Май 05, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт ва фароянди додгоҳи  Нуриро ғайрӣ қонуни медонанд ва озодии фаврии ишонро хостор аст
    Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт ва фароянди додгоҳи Нуриро ғайрӣ қонуни медонанд ва озодии фаврии ишонро хостор аст

Вузарои умури хориҷаи Эрон ва Шветсия дар бораи масоили муҳим ва дуҷониба ба вижа ҳамкориҳои консулии дуҷониба гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли иттилоъ расонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар посӯх ба тамоси телефонии Он Линда вазири умури хориҷаи Шветсия бо ишора ба баргузории додгоҳи  Ҳамид Нурӣ шаҳрванди Эрон дар Шветсия, тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт ва фароянди додгоҳи  Нуриро ғайрӣ қонуни медонанд ва озодии фаврии ишонро хостор аст.

Амир Абдуллоҳиён афзӯд: Боиси таъсуф аст, ки як гурӯҳаки террористи, ки собиқаи ҷиноятҳои он бар мардуми Эрон ва ҳатто Ироқ дар давраи режими баъси Садом возеъ буда, фазосозии маснуии фароянди додгоҳи  шаҳванди Эрон дар Шветсияро дар даст гирифтааст.

  • Раиси дастгоҳи дипламатии Эрон ибрози умедворӣ кард бо ирода ва талошҳои мутақобил ва муштарак, муносиботи дукишвар дар заминаҳои гуногун густариш ёбад.

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Шветсия ҳамчунин нисбат ба тадовуми ройзани ва табодули назари мустамир дар хусӯси масоили дар дастури кори равобити дукишвар тавофуқ карданд, Ҳафтаи гузашта сафири Шветсия дар Теҳрон  дар хусӯси боздошти Ҳамид Нурӣ шаҳрванди эронии боздошт шуда дар Шветсия ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва муртабити эътирози шаддиди Эрон ба давлати Шветсия дар ин хусӯс ба ӯ иблоғ шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп