Май 07, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми вазнабардорони ҷавони эронӣ ба Юнон

Вазнабардорони ҷавони эронӣ барои ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон, роҳии Юнон шуданд.

Алиризо Юсуфӣ ва Якто Ҷамолӣ, вазнабардорони ҷавони эронӣ бомдоди имрӯз (шанбе) барои ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон, роҳии Юнон шуданд.

Мусобиқоти вазнабардории ҷавонони ҷаҳон аз 2 майи 2022 оғоз ва то рӯзи сешанбе 10 май идома дорад.

Дар ин давра аз рақобатҳо 304 вазнабардори ҷавон аз 64 кишвари ҷаҳон дар 2 бахши занону мардон ба рақобат хоҳанд пардохт.

Тими Амрико ва Юнон бо таркиби комил дар 2 бахши занону мардон ҳузур пайдо карданд.

 

 

Барчасп