Таҳсили 527 ҳазор донишомӯзи атбои хориҷӣ дар Эрон
(last modified Sat, 07 May 2022 08:11:10 GMT )
Май 07, 2022 13:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 527 ҳазор донишомӯзи атбои хориҷӣ дар Эрон

Муовини омӯзиши маркази умури байналмилал ва мадориси хориҷ аз кишвар вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон, эълом кард, 527 ҳазор донишомӯз атбои хориҷӣ дар Эрон таҳсил мекунанд.

Вазорати омӯзиш ва парвариш ҳар сол дар ростои сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бораи сомондиҳии атбои хориҷӣ, шеваномаи сабти номи донишомӯзони атбои хориҷии муҷоз дар мадорис барои соли таҳсилии ҷадидро ба устонҳо ирсол мекунад.

Абулфазли Камолӣ, муовини омӯзиши маркази умури байналмилал ва мадориси хориҷ аз кишвари вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон, гуфт, 527 ҳазор донишомӯзи атбои хориҷӣ дар Эрон таҳсил мекунанд, ки аз миёни ин теъдод, бештари онҳо афғонистонӣ ва теъдоде ҳам аз кишварҳои Бангладеш, Покистон, Ироқ ва соири кишварҳо ҳастанд.

Вай гуфт, 22 мадрасаи вижа донишомӯзон атбои ҳам роҳандозӣ шудааст, ки донишомӯзони атбоъ метавонанд ба сӯрати муҷаззо ба он мадорис ворид шаванд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, таъкид карданд, ки ҳеҷ кӯдаки афғонистонӣ, ҳатто муҳоҷироне, ки ба сӯрати ғайриқонӯнӣ ва бидуни мадрак дар Эрон ҳузур доранд, набояд аз таҳсил боз бимонанд ва имкони сабти ном барои ҳамаи онҳо бояд дар мадориси эронӣ муяссар шавад.