Тақвияти равобити дипломатии Эрону Туркманистон бо баргузории ҷашнвораҳои байналмиллалӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i85382-Тақвияти_равобити_дипломатии_Эрону_Туркманистон_бо_баргузории_ҷашнвораҳои_байналмиллалӣ
Сафири Туркманистон дар Эрон гуфт : Баргузории ҷашнвораи байналмиллалии наққошии кӯдакону навҷавонон дар Исфаҳон қадамии нав дар ҷиҳати тақвияти равобити Эрон ва Туркманистон аст .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 08, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити дипломатии Эрону Туркманистон бо баргузории ҷашнвораҳои байналмиллалӣ

Сафири Туркманистон дар Эрон гуфт : Баргузории ҷашнвораи байналмиллалии наққошии кӯдакону навҷавонон дар Исфаҳон қадамии нав дар ҷиҳати тақвияти равобити Эрон ва Туркманистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Қурбонов дар маросими ихтитомияи ҷашнвораи байналмиллалии наққошии кӯдакону навҷавонони Исфаҳон изҳор дошт : Мушорикати кӯдакони туркманистонӣ ва баргузида шудани онҳо дар ин ҷашнвора нуқтаи сарнивиштсозе барои тақвияти равобити ду кишвар аст .
Вай хостори мушорикати кӯдакони исфаҳонӣ дар ҷашнвораҳои Туркманистон шуд ва афзуд : Мутақобилан дар ин кишвар низ шоҳиди баргузории ҷашнвораҳои байналмиллалӣ ҳастем .
Дар нахустин мусобиқаи байналмиллалии наққошии кӯдакону навҷавонон дар Исфаҳон 800 асари хориҷӣ ва 1 200 асари дохилӣ мушорикат доранд, ки бештарини асар аз Туркманистону Исфаҳон дар ду бахши хориҷӣ ва дохилӣ сабт шудааст .