Май 09, 2022 14:43 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи ройгони кӯдакони атбои афғонистониву покистонӣ дар Эрон

Атбои қонунӣ ва ғайриқонунии афғонистонӣ ва покистонии муқими Эрон метавонанд кӯдаконашонро муқобили бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксан ройгон ваксина кунанд.

Муҳсини Заҳроӣ, раиси идораи бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксани Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, бо афзоиши ҷамъияти атбои афғонистонӣ нигаронӣ аз густариши бемории сурхак дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Заҳроӣ бо баёни ин ки ҳамакнун атбои афғонистонӣ ба далели нигаронӣ аз ҳузури ғайриқонуниашон дар Эрон ва баргардонда шудан ба кишварашон ва ҳамчунин ба далели ин ки мутмаин ба ройгон будани барномаи ваксинатсия нестанд, муроҷиа намекунанд, афзуд: Бо иртиботи бисёр хубе, ки бо Вазорати кишвари Эрон барқарор шуда, атбои афғонистонӣ ва покистонӣ метавонанд бо муроҷиа ба тамоми марокизи беҳдоштиву дармонӣ, бидуни дар назар гирифтани иқомати муҷоз ё ғайримуҷозашон дар Эрон, кӯдакони худро дар муқобили сурхак ва дигар бемориҳо ваксина кунанд.