Шоиру донишманди саршиноси тоҷик,  узви Анҷумани нақди адабии Эрон шуд
(last modified Tue, 10 May 2022 05:07:44 GMT )
Май 10, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Шоиру донишманди саршиноси тоҷик,  узви Анҷумани нақди адабии Эрон шуд

Раиси Анҷумани нақди адабии Эрон аз пазириши узвияти шоиру донишманди саршиноси тоҷики муқими Узбекистон ба ин конӯн хабар дод.

Шоири шинохтаи зуллисонайн (ду забона)-и тоҷик, муқими кишвари Ӯзбекистон, донишманди фарзона, доктори улуми фалсафа, устоди Донишгоҳи давлатии Ховаршиносии Ӯзбекистон, адабиётшинос, мутарҷим ва рӯзноманигори фарҳехтаву чирадасти ду миллат, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ( Джафар Мухаммад ) ба узвияти АНҶУМАНИ ИЛМИИ НАҚДИ АДАБИИ ЭРОН пазируфта шуданд.

Дар ин бора бо ирсоли нома ва Гувоҳиномаи узвият раиси мӯҳтарами он марҷаъи бонуфуз ва муътабари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Иброҳими Худоёр иттилоъ додаанд.