Май 10, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди маҷаллаи варзишии олмонии «Kicker» аз дурахшиши  Меҳдии Торимӣ дар Порту

Маҷаллаи варзишии валмонии «Kicker», аз дурахшиши Меҳдии Торимӣ дар тими футболи Порту Португалия тамҷид кард.

Ин маҷалла бо тамҷид аз дурахшиши Меҳдии Торимӣ, муҳоҷими миллипӯши эронӣ дар тими Портуи Португалия, навишт, Торимӣ дар хати ҳамлаи Порту дурахшид.

Порту дар чорчӯби ҳафтаи 33 Лигаи Португалия ба масофи Бенфика рафт ва дар охирин дақиқаи бозӣ бо як гол муқобили ин тим ба пирӯзӣ расид то як ҳафта монда ба поёни ин рақобатҳо, қаҳрамони Лигаи Португалия шавад.

Ба навиштаи манбаъ, Меҳди Торимӣ тавонист дар ин фасл амалкарди бисёр хубе дошта бошаду беҳтарини голзани тимаш дар ин фасл аз рақобатҳо бо 24 гол буд.

 

Барчасп