Амир Абдуллоҳиён: Аз ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар мавриди Ҳирманд ризоят надорем
(last modified Tue, 10 May 2022 13:52:39 GMT )
Май 10, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Аз ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар мавриди Ҳирманд ризоят надорем
    Амир Абдуллоҳиён: Аз ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар мавриди Ҳирманд ризоят надорем

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ихтилофоти мавҷуд миёни Эрон ва ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар хусуси ҳаққобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманд таъкид кард: Аз ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон дар мавзуъи рудхонаи Ҳирманд ризоят надорем.

Ба гузориши ардиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар ҷаласаи алании имрӯзи Маҷлис гуфт: Дар мавзуъи Ҳирманд аз ҳайати ҳокимаи Афғонистон ризоят надорем бо ин ҳол дар гуфтугӯҳое, ки бо сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон доштем, тавонистем чандин мартаба дар музокироти дипломотик ва ҳамчунин дар арсаи расонаӣ ин иборатро, ки ҳаққи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳаққобаи рудхонаи Ҳирманд маҳфуз аст мавриди таъкид қарор диҳем.

  • Амир Абдуллоҳиён бо ишора ба баргузории нишасти камисарои марзии Эрон ва Афғонистон афзуд: Ин нишаст чанди пеш ва дар давраи сарпарастии ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон баргузор шуд ва билохар бахши аз оби сади Камолхон озодсози шуд.
  • Вазири умури хориҷа гуфт: Дар ин замина бо вуҷуди коршиканиҳое, ки дар Афғонистон анҷом шуд талошҳои зиёди аз сӯи Ҷумҳурии Ислломии Эрон сурат гирифта аст.
  • Амир Абдуллоҳиён хотирнишон кард: Вақет, ки сади Камолхон пур шуд дархости бозгушоӣ ин садро матраҳ кардем афғонистониҳо эълом карданд, ки ба ҷиҳати ин ки масири ин сад лойруби нашуда аст агар об дар масир раҳо шавад ин об бозгашт дода душ ва турбинҳои мавҷуд дар масирро тахриб мекунад.
  • Ба гуфтаи вазири умури хориҷа: Дар ин хусус эъломи омодагӣ кардем, ки ин лойрубиро анҷом хоҳем дод, аммо тарафи афғонистонӣ мухолифат кард.

Қарордоди оби рудхонаи Ҳирманд байни Эрон ва Афғонистон соли 1351 ҳиҷрии шамсӣ имзо шуд ва бар асоси он солона 850 миллион метри мукааб аз оби ҳирманд ба Эрон таъалуқ дорад.