Май 14, 2022 10:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори иқдоми фаврии СММ барои поён додан ба ҷиноёти Исроил шуд

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал бо маҳкум кардани шаҳодати Ширин Абу Оқила, хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазира, хостори иқдоми фаврии Созмони милал бавижа Шӯрои амният барои поён додан ба ҷиноёти режими Исроил шуд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ чаҳоршанбеи гузашта бо юриш ба урдӯгоҳи Ҷанин дар Каронаи Бохтарии руди Урдун, Ширин Абу Оқила, хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазираро ба зарби гулӯла ба шаҳодат расонданд.

Оқила ҳангоми пӯшиши хабарии юриши саҳюнистҳо ба урдӯгоҳи Ҷанин дар шимоли Каронаи Бохтарии руди Урдун аз ноҳияи сар ҳадафи гулӯлаи низомиёни саҳюнист қарор гирифт ва шаҳид шуд.

Муҳаммадризо Саҳроӣ, ройзани намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар Кумитаи иттилооти Созмони милал изҳор дошт, Ширин Абу Оқила садои шуҷоати мардуми Фаластину намоди миллии истиқомату пойдорӣ дар баробари таҷовузу ишғоли золимонае буд, ки мардуми Фаластин барои муддатҳои тӯлонӣ мутаҳаммил шудаанд.

Вай тасреҳ кард, террори Оқила тавассути режими Исроил бахше аз ҷанги тӯлонимуддати аробу хушунат алайҳи рӯзноманигорон аст, ки ҳадафи он сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти ин режим алайҳи фаластиниёну нақзи шадиди қавонин ва ҳанҷорҳои байналмилалист.

Вай изҳор дошт, Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни маҳкӯм кардани шаҳодати Оқила, аз Созмони милал бавижа Шӯрои амният мехоҳад барои поён додан ба таҷовузоти Исроил ва бекайфарии он аз муҷозот, иқдомоти оҷилиро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва посухгӯ кардани ин режим дар қиболи ҷиноёти байналмилалӣ, ки дар тӯли даҳаҳо муртакиб шудааст, ба амал оварад.

Саҳроӣ идома дод, Ҷумҳурии Исломии Эрон  зимни маҳкӯмияти шаҳодати хабарнигори фаластинӣ, бар ҳимояти бедареғу ҳамаҷонибаи худ аз миллати Фаластин дар муқовимати барҳақ ва машрӯъ дар баробари ишғолгарӣ ва таҷовузу дастёбӣ ба ҳаққи таъйини сарнавишт таъкид мекунад.

 

Барчасп