Май 14, 2022 17:40 Asia/Dushanbe
  • Сохти 4 нефткаши 113 ҳазор тоннаи дар Эрон барои муштарии хориҷӣ
    Сохти 4 нефткаши 113 ҳазор тоннаи дар Эрон барои муштарии хориҷӣ

Мудиромили ширкати саноъатии дарёӣ Эрон "Садро" аз сохти 4 нефткаши 113 ҳазор тоннаи дар Эрон барои муштарии хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Зореъӣ, мудиромили ширкати саноъатии дарёӣ Эрон "Садро" дар ҳошияи бистушашумин намоишгоҳи нефт, газ, полойш ва петрошимӣ аз сохти чор нефткашӣ бузурги 113 ҳазор тоннаӣ ин ширкат барои муштариёни хориҷӣ хабар доду гуфт: Як фарвандро таҳвил додем, киштии дуввум то моҳи оянда таҳвил дода мешавад сохти киштии севвум ҳам шуруъ шуд ва дар муддати 2 сол сохта ва таҳивл дода мешавад.

Зореъӣ бо таъкид бар ин ки аз маҷмуъи сакуҳои Порси ҷануби ба таври ҳамзамон амалиёти тароҳии муҳандиси, таъмини коло, сохт, ҳамл, насб ва роҳандозии 10 сакуро ширкати Садро анҷом дода аст, афузд: Аз ин теъдод 9 саку таҳвили муваққат шуд ва як сакуи боқимонда низ марбут ба фози 14 аст, ки дар марҳалаи таҳвил аст.

Мудиромили ширкати Садро бо ишора ба ин ки дар ҳавзаи шимол ҳам дар ҳоли музокира барои урҳол сакуи нимашиновари Эрон-Амиркабир ҳастем, хотирнишон кард: Фановарии нимашиновар дар дохили кишвар надоштем, ки дар Садро анҷом шуда аст ва ба манузри таъмироти асосӣ дар ҳоли ройзанӣ бо корфармо ҳастем.

 

Барчасп