Баргузории ойини бузургдошти рӯзи Фирдавсӣ дар Тус
Ойини бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ҳамзамон бо 25 урдибиҳиштмоҳ, солрӯзи гиромидошти ин шоири бузурги эронӣ рӯзи якшанбе дар оромгоҳаш бо ҳузури алоқамандон ба шеъру адаби форсӣ ва гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин маросиме, ки бо ширкати сарконсули кишварҳои Ироқ, Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон абъоди байналмиллалӣ пайдо карда аст, устондори Хуросони Разавӣ ва чанд нафар аз намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ ва масъулон ва мутаволиёнии ҳавзаи гардишгарӣ ва устодони донишгоҳ низ ҳузур доштанд.
Мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноъати дастии Хуросони Разавӣ дар ин хусус гуфт: Ойини бузургдошти Фирдавсӣ 2 сол аст, ки ба делеи густариши вируси корона дар Машҳад баргузор нашуда аст, имрӯз ҳамзамон бо солрӯзи гиромидошти ин шоири номдори эронӣ шоҳиди истиқболи хуби мардум барои ширкат дар ин маросим ва маҳали оромгоҳаш будем.
Сайдҷаводи Мусавӣ афзуд: Барномаҳо бо гулборони оромгоҳи Фирдавсӣ оғоз шуд.
Нақолӣ, муршидхонӣ, иҷрои Солори Ақилӣ ҳунарманди барҷастаи Эрон дар ин маросим аз ҷумла барномаҳое буд, ки дар ин маросим иҷро шуд. Ҳамчунин сурудҳоӣ бо се гӯишӣ афғонӣ, тоҷикӣ ва эронӣ дар ин барнома баргузор шуд.
Гуфтани аст ҳадифосилаи 24 урдибиҳишт то 3 хурдод, ки рӯзи озодсозии Хурамшаҳр ном дорад, даҳаи ҳамоса номгузори шуда аст.
25 урдибиҳиштмоҳ рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва забону адабиёти форсӣ аст.