Май 17, 2022 11:11 Asia/Dushanbe
  • Гулванӣ, намоде аз фарҳанги қавмиятҳои эронӣ бо сабти ҷаҳонӣ

Ҷашнвораи миллӣ - фарҳангии гулванӣ барои аввалин бор дар Теҳрон бо ҳузури ҳунармандони бахтиёрӣ баргузор шуд.

Гулванӣ, сарбанде бостоние аст, ки занони луристонӣ ба шакли хосе ба сар мекунанду бахше аз пӯшиши зебои занон ва ҳамчунин мардони лур аст.

Чандин сол аст, ки дар рӯзи гулванӣ 26 урдубиҳишт духтарону занони лур бо ба сар кардани ин пӯшиши суннатӣ ва бумӣ ному ёди ин асари арзишмандро зинда нигаҳ медоранд, аммо имсол барои аввалин бор ин ҷашнвора дар Теҳрон баргузор шудааст.

Гулванӣ, сарбанди зебои занони лур ба ҷомонда аз ҳунари дасти қавмӣ аст, ки худ тору пудашро ба ҳам бофта, нақшзада ва рангоранг кардаанд.

Пурё Ализода, дабири ҷашнвораи миллӣ - фарҳангии Гулванӣ, гуфт, ин сарбанд ва русарии занони минтақаи Зогрус қидмати се ҳазор сола дорад ва дар феҳристи осори номалмӯси ЮНЕСКО ба сабти ҷаҳонӣ расидааст.

 

Барчасп