Май 17, 2022 14:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар мавриди эмкунӣ қарор дорад

Раиси идораи бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксани вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон таъкид кард, Эрон дар байни бартарин кишварҳои дунё дар эмкунӣ қарор дорад.

Эмкунӣ ба шакли густардае дар саросари Эрон барои муқобила бо вируси корона анҷом шудааст, ки дар натиҷа омори маргу мир башиддат коҳиш ёфтааст.

Муҳсини Заҳроӣ, раиси идораи бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксани вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар гуфтугӯ бо ИРНА, Эронро дар байни бартарин кишварҳои дунё дар эмкунӣ баршумурд ва гуфт, воксанҳои сегона бо пӯшиши болои 9 дарсад дар кишвар анҷом мешавад.

Вай афзуд, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи ҷаҳонии эмкуниро барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва сиёсатгузорон дар иҷрои барномаи "эмкунии такмилӣ" номгузорӣ кардааст.

Заҳроӣ ҳамчунин гуфт, солҳост пӯшиши эмкунӣ дар Эрон болои 95 дарсад аст ва зерсохту созмондеҳии муносибро давлат эҷод карда ва нерӯи инсонии мавриди ниёз барои ин амр ҷазб шудааст.

Вай тасреҳ кард, назорату поиш барои иҷрои барномаҳои омӯзиш ва фарҳангсозӣ бо ҷазби мушорикати хонаводаҳо дар амри эмкунӣ дар кишвар ба хубӣ анҷом мешаваду Эрон аз кишварҳои пешрав дар ин замина аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп