Май 18, 2022 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами инқилоб бар ҷавон шудани нерӯи инсонии Эрон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, талош барои афзоиши насл ва ҷавон шудани нерӯи инсонии кишвар ва чораҷўӣ барои наҷоти кишвар аз ояндае ҳавлноки пирии ҷамъиятро, сиёсате ҳаётӣ ва аз заруритарин фароиз донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба фаъолони ҳавзаи ҷамъият, ки имрӯз дар нишасти Ситоди миллии ҷамъият қироат шуд, тасреҳ карданд, талош барои афзоиши наслу ҷавон шудани нерӯи инсонии кишвар ва ҳимоят аз хонавода, яке аз заруритарин фароизи масъулон ва ҳамаи мардум аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, ин фариза дар бораи афрод ва марокизи асаргузор ва фарҳангсоз, таъкиди бештар меёбад ва ин як сиёсати ҳаётӣ барои ояндае баландмуддати Эрон аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд, ковушҳои содиқонае илмӣ нишон додааст, ки ин сиёсатро метавон бо парҳез аз ҳамаи осебҳои муҳтамал ё мавҳум пеш барад ва ояндае кишварро аз он баҳраманд сохт.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём ба дастандкорони ин ҳасанаи мондагор тавсия карданд, дар канори тадобири қонунӣ ва амсоли он, ба фарҳангсозӣ дар фазои умумӣ ва низ дар низоми беҳдоштӣ аҳамият диҳанд.