Май 18, 2022 16:55 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм ва тақвияти марзҳо; аҳдофи сафари генерал Боқирӣ ба Тоҷикистон

Сухангуи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мубориза бо терроризми минтақаӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо маводи мухаддир, тақвияти марзҳо ва тавлиди таҷҳизоти низомиро аз аҳдофи сафари раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон эълом кард.

Генерал Абулфазли Шикорчӣ, сухангӯи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар барномае телевизионӣ натоиҷи сафари раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистонро бисёр хуб тавсиф кард ва гуфт, Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба шароити ҷуғрофиёӣ, ки дорад, аз ҷумла ҳаммарзӣ бо Афғонистону ҳузур дар Осиёи Марказӣ, аҳаммияти стротежики зиёде дорад.

Вай бо баёни инки Амрико, Исроил ва ҳампаймононаш дар минтақа ба дунболи ноамн кардани кишварҳо ҳастанд ва дар ин росто аз гурӯҳакҳои террористӣ, аз ҷумлаи ДИИШ ҳимоят мекунанд, афзуд, мубориза бо терроризми минтақаӣ ва байналмилалӣ аз мабоҳисе буд, ки дар сафари генерал Боқирӣ ба Тоҷикистон дар бораи он гуфтугӯ шуд.

Генерал Абулфазли Шикорчӣ тасреҳ кард, Эрон ва Тоҷикистон метавонанд таъсироти зиёде дар таҳаввулоти минтақа эҷод кунанд ва ин мавзӯ бо таваҷҷуҳ ба фишори Амрико ва Ғарб барои густариши НАТО аҳаммияти зиёде дорад.