Май 18, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти Рӯзи миллии ҳаким Умари Хайём дар Нишопур

Бо навохтани занги Хайём дар яке аз мадориси Нишопур Рӯзи миллии Хайём дар ин шаҳр оғоз шуд.

Фармондори шаҳри Нишопури Эрон гуфт, баргузории мусобиқаи адабӣ бо мавзӯи ҳифз ва хониши рубоиёти Хайём тавассут донишомӯзон дар боғи зебои оромгоҳи Хайём, дуюмин барномаи имрӯз буд.

Абутолиби Ҷавон афзуд, ҳамоиши илмӣ, пажӯҳишии Хайём дар оинаи ҳунар, аз ҷумлаи барномаҳои аслии Рӯзи миллии Хайём дар навбати субҳ буд, ки бо ҳузури хайёмшиносони барҷастаи эронӣ дар донишгоҳи Нишопур баргузор шуд.

Абутолиби Ҷавон

 

Вай гуфт, имрӯз баъд аз зуҳр низ маросими гиромидошти Рӯзи миллии Хайём бо ҳузури мардуми фарҳангдӯсти Нишопур ва кишвар дар маҳали оромгоҳи Боғи Хайём аз соати 17 то 20 баргузор хоҳад шуд.

Муовини устондор ва фармондори шаҳристони Нишопур дар поён тасреҳ кард, оини ихтитомияи шаби шеър аз Тус то Нишопур низ дар соати 20 то 22 имшаб, дар боғи оромгоҳи Хайём, поёнбахши барномаҳои Рӯзи миллии Хайём хоҳад буд.

Умакри Хайём, яке аз бузургтарин мардони таърихи Эрон аст. Шахсияти барҷастае, ки на танҳо дар адабиёт ҷойгоҳи вижае дошта, балки як ҳаким, риёзидон, файласуф ва ахтаршинос ҳам будааст ва таъсири бисёр амиқӣ бар ҷаҳони илм гузоштааст.

Дар тақвими Эронзамин, рӯзи 28 урдубиҳишт, ки дар воқеъ зодрӯзи Умари Хайём буда ба номи бузургдошти Умари Хайём интихоб шудааст.

Оромгоҳи ҳаким Умари Хайём дар шаҳри Нишопур воқеъ дар устони Хуросони Разавии Эрон, меодгоҳи дӯстдорони илм ва адаб аст.