Ҷон бохтани 9 бемори коронаии дигар дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, дар 24 соати гузашта 9 бемори Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 141 ҳазору 253 нафар расид.
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз дирӯз то имрӯз (ҷумъа) 20 майи 2022 бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 280 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва 44 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Маҷмуи беморони Ковид -19 дар ИРНА ба 7 миллиону 229 ҳазору 354 нафар расид.
Хушбахтона то кунун 7 миллиону 28 ҳазору 491 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Ҳамагирии вируси корона то кунун ҷони шаш миллиону дусаду 98 ҳазору 330 нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифтааст.
Бештар бихонед:
- Тавоноии муқобилаи воксани Постуковак бо чандин ҷаҳиши корона
- Ибтилои 60 то 80 дарсади аврупоиҳову амрикоиҳо ба корона