Май 20, 2022 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз талошҳои СММ барои расидагӣ ба мушкилоти ноамнии ғизо

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки тамоми ҷаҳон таҳти таъсири камбуди маводи ғизоӣ қарор гирифтааст, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз талошҳои Созмони Милал дар расидагӣ ба мушкилоти марбут ба ноамнии ғизоӣ ҳимоят мекунад.

Маҷиди Тахтиравончӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти олирутбаи Шурои амнияти СММ дар мавзуи амнияти ғизоӣ гуфт: Ноамнии ғизоӣ, тағйироти обу ҳавоӣ, ҳамагирии Ковид – 19 ва асароти манфии душманиҳои байналмилалии мухталиф, ҳамагӣ бар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон, ки беш аз чаҳор даҳа аз таҳримҳои Амрико ранҷ мебарад, таъсир гузоштааст.

Вай гуфт, илова бар ин мизбонии чандин миллион овора аз Афғонистон бар иқтисоди Эрон, аз ҷумла таъмини маводи ғизоӣ фишор ворид кардааст ва кумаккунандагони байналмилалӣ муваззафанд ба тааҳҳудоти худ амал кардаву кумакҳои фанниву молии мавриди ниёзро ба атбои хориҷии мустақар дар Эрон ироа диҳанд.

Сафири Эрон дар СММ таъкид кард, вазъияти башардӯстона дар Фаластин низ ба ҳамон андоза муҳим аст, ки ба далели даҳаҳо ишғолу сиёсатҳои нажодпарастонаи режими Исроил бадтар шудааст. Муҳосираи ғайриқонунии Ғазза, ки ҳаққи мардуми Фаластинро дар мавриди ғизо ба шиддат маҳдуд мекунад, бояд ҳар чӣ зудтар бардошта шавад.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар мавриди Сурия низ гуфт, идомаи ишғол, терроризм ва таҳримҳои якҷониба миллионҳо нафар дар ин кишварро овора, маишати мардумро нобуд, тиҷорату таъмини маводи ғизоӣ ва кишоварзиро мухтал кардаву ба зерсохтҳо осеб расонида, дастрасӣ ба манобеи ҳаётиро маҳдуд кардааст.

 

Барчасп