Май 21, 2022 09:09 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон қаҳрамони волейболи бошгоҳҳои Осиё шуд

Тами волейболи “Пайкони Теҳрон” дар дидори ниҳоии мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё бо бартарӣ баробари тими Ҷопон ба қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёфт.

Тими “Пайкони Теҳрон” дар дидоре наздик ва нафасгир дар ҳоле, ки сетҳои аввалу дувуми ин бозии ҳассосро ба ҳарифи сахткуши ҷопонии худ вогузор карда буд, тавонист дар ниҳоят бо пирӯзии 3 бар 2 ба қаҳрамонии ин рақобатҳо бирасад.

Пеш аз ин бозӣ, тими волейболи “Шаҳдоби Язд” дигар тими эронӣ низ дар дидори радабандии бошгоҳҳои Осиё муқобили тими Қазоқистон ба майдон рафт ва се бар сифр пирӯз шуд ва ба медоли бурунзи ин мусобиқот даст ёфт.

Мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё дар Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп