Рушди 52 дарсадии сармоягузории хориҷӣ дар бахши саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон
(last modified Sat, 21 May 2022 07:24:57 GMT )
Май 21, 2022 12:24 Asia/Dushanbe
  • Рушди 52 дарсадии сармоягузории хориҷӣ дар бахши саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон

Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон, аз рушди 52 дарсадии сармоягузории хориҷии мусавваб дар бахши саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон хабар дод.

Сармоягузорони хориҷии мусавваб шомили ҳамаи дархостҳо ҳам аз сармоягузорӣ барои эҷоди тарҳҳои ҷадид, хариди саҳҳоми ширкатҳои мавҷӯд ва ҳамчунин сармоягузориҳои хориҷӣ дар қолаби тартиботи қарордодӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, бар пояи ҷадвалҳои омории мунташир шудаи вазорати саноат, маъдану тиҷорати Эрон, дар 12 моҳи соли 1400 теъдоди 154 мавриди сармоягузории хориҷӣ бо ҳаҷми се миллиарду 758 миллиондоллар дар бахшҳои саноат, маъдану тиҷорати кишвар мусавваб шудааст.

Ҳаҷми кулли сармоягузории хориҷӣ дар бахши саноат, маъдану тиҷорат дар соли 1400 дар муқоиса бо соли гузаштаи 2021 бо сабти рушди 2/52 дарсадӣ ба беш аз 7 / 3 миллиарддоллар расид.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 1399 теъдоди 158 мавриди сармоягузории хориҷӣ бо ҳаҷми 2 миллиарду 469 миллиондоллар ба тасвиб расида буд.

Бештар бихонед: