Май 21, 2022 14:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши беш аз 60 дарсадии ҳаҷми содироти Эрон ба Уммон

Ноибраиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Уммон аз афзоиши беш аз 60 дарсадии ҳаҷми содироти Эрон ба Уммон хабар дод.

Равобити Эрону Уммон дар чанд даҳаи ахир ба рағми танишҳо дар Халиҷи Форсу талоши Амрико барои ташдиди Эронҳаросӣ ҳамвора равобити мубтанӣ бар эҳтиром ва манофеи мутақобил будааст.

Мақомоти уммонӣ муътақиданд, равобити наздик бо Эрон бар мабнои воқеъгароӣ буда ва Эронро як ҳамсояи бузург медонанд. Ду кишвар ҳеҷ гӯна ихтилофоти сарзаминӣ ва марзӣ бо якдигар надоранд. Ҳимояти Эрон аз Уммон ба шакли мусбат ва мондагоре дар ҳофизаи таърихии Уммон нақш бастааст.

Ба гузориши ИРНА, Шаҳло Амурӣ, ноибраиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Уммон гуфт, ҳаҷми содироти Эрон ба Уммон дар соли 2021 бо рушди 63 дарсадӣ ҳамроҳ буд ва ба 716 миллиондоллар расид.

Вай тасреҳ кард, дар соли 2021 саҳми Эрон аз бозори Уммон 3.9 дарсад буда ва ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 ин мизон 1.8 дарсад будааст.

Ноибраиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Уммон афзуд, имкони афзоиши ҳаҷми мубодилоти Эрону Уммон вуҷӯд дорад ва ин амр дар гарави эҷоди заминаи шиносоии бештари зарфиятҳои тавлидӣ ва тиҷории Эрон ва Уммон аст.

Ҳамчунин дар остонаи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Уммон, Ҳайсам бин Ториқ, султони Уммон бо судӯри фармони салтанатӣ, мувофиқатномаи ҳамкории ҳамлу нақли дарёӣ байни Уммону Ҷумҳурии Исломии Эронро таъйид кард.

 

Барчасп