Май 23, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати яке аз посдорони мудофеи ҳарам дар иқдоме террористӣ (такмилӣ)

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар иттилоияе аз шаҳодати яке аз посдорони мудофеи ҳарам дар иқдоме террористӣ хабар дод.

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз шаҳодати мудофеи сарафрози ҳарам сарҳанги посдор Сайёди Худоӣ дар иқдоми террористии зиддиинқилоб ва авомили вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ хабар дод.

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорон дар ин иттилоия бо эъломи хабари иқдоми ҷинояткоронаи террористии зиддиинқилоб ва авомили вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ дар шаҳодати яке аз мудофеони сарафрози ҳарам афзуд: (якшанбе) дар яке аз кӯчаҳои мунтаҳӣ ба хиёбони Муҷоҳидини Ислом дар шарқи Теҳрон мудофеи ҳарам - сарҳанги посдор Сайёди Худоӣ ҳадафи ҷинояти террористии зиддиинқилоб ва авомили вобаста ба истикбори ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Ин иттилоия бо табрику таслияти шаҳодати мудофеи сарафрози ҳарам - сарҳанги посдор Сайёди Худоӣ ба хонаводаи ин шаҳид таъкид кардааст: Иқдоми лозим барои шиносоӣ ва боздошти зориб ё зорибин пешбинӣ шуда ва дар ҳоли анҷом аст.

Шаҳид Сайёди Худоӣ дар ҳоле террор шуд, ки дар дохили мошини худ муқобили манзили маскуниаш қарор дошт.

 

Барчасп