Паёми таслияти мақоми эронӣ дар пайи даргузашти нависандаи тоҷик
Раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон бо судури паёме даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро таслият гуфт.
Дар пайи даргузашти Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон паёме содир кард.
Матни паём бадин шарҳ аст:
“Бузургмарде аз қаламрави фарҳангу адаби форсӣ раҳсипори ҷаҳони охират шуд. Устод Меҳмон Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъвати ҳақро лаббайк гуфт.
Талошҳои вай барои эҷоди пайвандҳои устувори фарҳангӣ байни фарҳехтагони Эрону Тоҷикистон ҳамроҳ бо халлоқиятҳои мухталиф дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва тавоноии мудирияти ниҳодҳои фарҳангӣ, ӯро табдил ба яке аз чеҳраҳои номдори пайвандҳои фарҳангӣ байни ду кишвар кардааст.
Дар тӯли солиёни гузашта Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шахси эшон намунаҳои арҷманд аз ҳамкориҳои муштараки фарҳангии ду кишварро ба намоиш гузоштанду маншаи осори бисёр шуданд.
Аз даргоҳи Худованди мутаол барои ин донишвари фарзона омурзиш ва барои фарҳехтагони тоҷику хонаводаи он бузургмард шикебоӣ талаб мекунем».
Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драмманависи саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998), панҷшанбе (19 майи 2022) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.